Ӯзбекистон ҷуғрофияи ҷустуҷӯи кор барои шаҳрвандони худро бо имзои созишномаҳои ҳамкорӣ бо Бритониё, Руминия ва Словения васеъ мекунад. Руссия сарфи назар аз пешсафии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, тадриҷан ҷолибияти худро дар назди шариконаш дар Осиёи Марказӣ гум мекунад.
Ҳайати намояндагони Ӯзбекистон, ки директори Агентии муҳоҷирати назди кабинети вазирон Беҳзод Мусаев роҳбарӣ мекард, бо сафари корӣ ба Лондон ташриф овард. Ҳангоми гуфтушунид бо директори Генералии Мақомоти назорати Давлатии Бритониё оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ (Gangmasters and Labour Abuse Authority – GLAA) Элиза Макеффри меморандуми ҳамкорӣ имзо кард.
Ин санад барои ҳалли масъалаҳои ҷалби шаҳрвандони ӯзбек ба фаъолияти меҳнатӣ дар Британияи кабир пешбинӣ шудааст.
Блоки рекламавӣ



