Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон таҳти унвони «Тасалло» шуъбаи кӯдакона мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин шуъба барои кӯдакони гирифтори бемории саратон аст.
Шуъба бо ташаббуси муассиси Фонди хайриявии «Лона» муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ таъсис гардидааст.
Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ иброз дошт, ки дар ин шуъба ба кӯдакони гирифтори марҳилаи IV бемории саратон кумаки паллиативӣ расонида мешавад. Инчунин дар ин ҷо ҳар шахс, ҳатто дар марҳилаҳои вазнинтарини беморӣ на танҳо бо табобат, балки бо оромиш, дастгирӣ ва эҳтироми инсонии комил таъмин мегардад.
Ҳуҷраҳо бо технологияҳои замонавӣ таъмин шуда, барои кӯдакон ва хонаводаҳои онҳо шароити мусоид, инчунин имконияти гирифтани ёрии тиббӣ ва руҳию равонӣ фароҳам аст. Мутахассисони соҳа бо истифода аз имконияти муҳайёгардида фаъолияти хешро аз пештара ҳам беҳтар мекунанд.

“Лона” дар Душанбе “Тасалло”-ро бунёд кард
Блоки рекламавӣ


