Паҳлавони наврас ва умедбахши тоҷик Лоиқ Қутбиддинов (-60 кг) дар Чемпионати ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар Софияи Булғористон ба гирифтани медали нуқра шарафёб гардид ва исмашро дар таърихи ҷудои тоҷик сабт намуд.
Дар финали мусобиқа Лоиқ аз намояндаи Қазоқистон – Йернур Батюргалӣ мағлуб шуд ва соҳиби нишони нуқра шуд
Мадина дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон панҷум шуд.
Мадина Қурбонзода (-52 кг) – ягона намояндаи Тоҷикистон миёни духтарон дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар Софияи Булғористон мақоми панҷумро касб намуд.
Дар рақобат барои нишони биринҷӣ Мадина аз Николе Марқуеси бразилӣ мағлуб шуд.
Блоки рекламавӣ



