Коршиносони бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз Тоҷикистон дар давраи омӯзишии вижа барои аудиторҳо доир ба ISO 22000:2018 Низоми мудирияти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ иштирок карданд. Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби Феҳрасти байналмилалии IRCA тасдиқ шудааст.
Намояндагони соҳаи коркарди хушкмеваҳои Тоҷикистон, ниҳодҳои марбутаи танзимкунанда, донишгоҳҳо, ва коршиносони мудирияти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар давраи омӯзишӣ иштирок карданд. Онҳо бо талаботи стандарти ISO 22000:2018 ва василаҳои аудити низоми мудирияти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ шинос шуданд. Давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи нави Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) – “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE), ки маблағгузораш Ҳукумати Швейтсария мебошад, баргузор гардид.
Стандарти ISO 22000, ки охирин бор дар соли ҷорӣ баррасӣ ва тасдиқ шудааст, стандарти байналмилалие мебошад, ки талабот ба маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, маҳсулоти хӯроквориро муайян карда, барои пешгирӣ аз олудагӣ мусоидат мекунад. Созмони байналмилалӣ оид ба стандартизатсия (ISO) бар ин бовар аст, ки истеҳсолкунандагони маҳслуоти хӯрокворӣ, сарфи назар аз ҳаҷми истеҳсол ва ё намуди маҳсулот, масъул ҳастанд, то бехатарии маҳсулот ва муштариёнро таъмин кунанд. ISO 22000 Низоми мудирияти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз ширкатҳо тақозо мекунад, то дар ҳамаи занҷираи истеҳсоли маҳсулот дар ҷиҳати таъмин бехатарии он назорат баранд.
Саидмӯъмин Камолов, роҳбари лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ” дар Тоҷикистон, чунин мегӯяд: “Рақобат дар бозорҳои содиротӣ аз корхонаҳо тақозо мекунад, то пайваста низоми мудирияти бехатарии маҳсулоташонро беҳтар созанд ва ба талаботи муштариву мақомоти танзимкунанда ҷавобгӯ бошанд. Маҳсулоти хӯроквории зарарнок ва хатарзо оқибатҳои ҷиддӣ ба бор меорад. Стандартҳои ISO доир ба мудирияти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба ширкатҳо барои муайян ва назорати хатарҳо дар истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ кӯмак расонида, ҷиҳати пешниҳод намудани маҳсулоти мавриди эътимод ба мардум мусоидат менамояд. Ин меъёрҳо, ҳамчунин, ба ширкатҳо ёрӣ медиҳанд, то даромадашон бештар ва фаъолияташон беҳтар гардад”.
Давраи омӯзишӣ аз ҷониби CERT Academy Kazakhstan омода ва баргузор гардид. Он ба коршиносони тоҷик имкон дод, то донишашонро доир ба стандарти ISO 22000 беҳтар намоянд, гузаронидани аудити байналмилалиро омӯхта, чи гуна корхонаҳоро барои аудит аз ҷониби мақомоти байналмилалии сертификатсионӣ омода гардонанд, ва ғ.
Ширкатдорони давраи омӯзишӣ, дар сурати муваффақона супоридани имтиҳони хаттӣ соҳиби гувоҳномаи байналмилалии ширкати олмонии “TUV NORD CERT CmbH” хоҳанд шуд. Гувоҳнома барои се сол эътибор хоҳад дошт.
Дар бораи лоиҳа ва ёриҳои Швейтсария
Лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ: Кишварҳои Балкан ва Осиёи Марказӣ” (TPE) аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ амалӣ, ва аз ҷониби Котиботи давлатии Конфедератсияи Швейтсария доир ба иқтисод (SECO) маблағгузорӣ мегардад. Тоҷикистон дар баробари Ӯзбекистон, Албания ва Сербистон ба ин лоиҳа қабул гардидааст. Фаъолияти лоиҳа ба таҳкими рақобатпазирӣ ва рушди пойдори содиротии соҳибкории хурду миёна дар самти хушкмеваҳо, ҳамчунин, тақвияти иқтидори ниҳодҳои хадамотрасони тиҷорат ҷиҳати ироаи хадамоти босифат ба соҳибкорон равона шудааст.
Дар тули қариб 30 соли охир, Швейтсария тақрибан 500 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кумаки бебозгашт ба Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҷудо намудааст. Дар чаҳорчубаи барномаи ҳамкории худ барои Осиёи Миёна (барои солҳои 2022-2025), Швейтсария фаъолияти худро ба дастгирии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демократӣ, пешбурди равиши ҳамгироӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мураккаби идоракунии обҳои фаромарзӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва пешбурди идоракунии хуб равона хоҳад кард. Маълумоти муфассал: www.eda.admin.ch/tajikistan