Тоҷикистон якҷо бо шарикони рушд аввалин лоиҳаи фароминтақавии бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000-ро ба анҷом мерасонад. Ин лоиҳа шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо ҳам мепайвандад. Корҳои сохтмони лоиҳаи мазкур дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расида, дар қисмати Афғонистон дар марҳалаи анҷомёбӣ аст.
Зимни суханронӣ дар ифтитоҳи ин форум Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Кишвари мо имкониятҳои бузургро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои азим дар соҳаи энергияи барқароршаванда – обӣ, офтобӣ ва бодӣ доро мебошад.Иқтидори солонаи неруи барқи обии кишвар тақрибан 527 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад, ки ҳоло ҳамагӣ 5 фоизи он истифода мегардад. Ин имконияти беназирро барои сармоягузории дарозмуддат ба энергияи устувори оянда, ки талабот ба он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ афзоиш ёфта истодааст, муҳайё месозад. Дар ин замина, мо раванди ҷалби сармоягузоронро барои бунёди неругоҳи барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт ва якчанд неругоҳи офтобӣ ва бодӣ бо иқтидори умумии 2000 мегаватт оғоз кардем. Мо ширкатҳои манфиатдорро даъват менамоем, ки ба ин лоиҳаҳои ояндадор сармоягузорӣ намоянд»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.
Ёдовар мешавем, ки 15 октябр зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода ба хабарнигорони дохилию хориҷӣ хабар дода буд, ки дар доираи форум дар маҷмуъ 52 созишнома ва санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 4,1 миллиард доллари ИМА имзо шуд.
Тибқи иттилои Султон Раҳимзода, аз шумораи умумии созишномаҳо 17 адад ба шаҳри Душанбе рост меояд, ки маблағи умумии онҳо 501 миллион доллари ИМА аст.

Лоиҳаи КАСА – 1000 қариб ба анҷом расидааст
Блоки рекламавӣ


