Москва муоширати билфосиларо бо Калининград ҳамчун қисми ҷудонашавандаи Руссия таъмин хоҳад кард. Дар ин бора сухангӯи Президенти Русси\ Дмитрий Песков хабар додааст.
26 октябр Президенти Литва Гитанас Науседа пешниҳод кардааст, ки сарҳади Беларус баста шавад ё транзит ба Калининград маҳдуд гардад. Сабаби ин ҳодисаи ба фазои ҳавоии Литва ворид шудани метеозондҳо буд: “Мо албатта ин ҳама изҳоротро дидем”, — тасдиқ кард намояндаи расмии Кремл.
27 октябр Вазорати корҳои хориҷии Белорус вакили муваққатии Литва Эрикас Вилканетсасро даъват кард. Ба дипломат нота дар робита ба яктарафа баста шудани сарҳад супорида шуд.
Блоки рекламавӣ



