“Вақтҳои охир истеъмоли ҳабҳои экстазӣ, синтетикӣ ва метамфитамин ё кристал маъруфият пайдо карда, муомилоти он бештар шудааст.” Раёсати корҳои дохилии Хатлон рӯзи дувуми феврал бо нашри як навор аз боздошти ду гурӯҳе хабар дод, ки дар Кӯлоб ба фурӯши маводи нашъадор, аз ҷумла моддаи сахттаъсири метамфетамин ё кристал машғул будаанд. Дар Душанбе ҳам се нафар бо ҳамин иттиҳом боздошт шуданд.
Зафар Самад, раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, аз чанд роҳу шевае мисол овард, ки қочоқбарон барои паҳн кардани ин мавод истифода мебаранд.
“Мисол, 6-уми январи соли 2025 дар шоҳроҳи Шуғнон-Мурғоб дар ВМКБ мошини борбар ба садама дучор шуд. Аз миёни хокаҳои санги мармари дохили мошин метамфитамин ёфт шуд,” – гуфт ӯ рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ.
Вай афзуд, аз миқдори умумии маводи мусодирашудаи нашъадор 247 килои онро метамфетамин ташкил дода, “бо роҳи қочоқ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардидааст”.
Шумораи расмии гирифторони маводи мухаддир дар Тоҷикистон бештар аз чор ҳазор нафар гуфта мешавад. Дар миёни онҳо истифодабарандагони маводи синтетикӣ ва психотропӣ ба мисли “кристал” ва “лирика” бештар шуда, баъзе ноболиғонро низ фаро гирифтааст. Пизишкон мегӯянд, “зарбаи он ба сиҳатии ҷавонон ниҳоят хатарзо аст”.

“Лирика” ва “кристал” дар Тоҷикистон
Блоки рекламавӣ


