Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводҳои психотропии навъи «Прегабалин», ба истилоҳ «Лирика», шаҳрванд Назарзода Шаҳбоз, сокини 36-солаи шаҳри Душанберо дастгир карда шуд.
Дар натиҷаи санҷишҳои оперативӣ аз номбурда беш аз 9-ҳазор адад капсулаҳои дорувории психотропии «Прегобалин» дарёфт ва мусодира гардиданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назарзода Ш., протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 8-шабонарӯз таъин шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь