Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ятимон ва кӯдакони бепарастор либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуд.
Иқдоми мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Презеиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, наврасон дар арафаи соли нави таҳсил барои ба мактаб рафтан омода гардиданд.
Раиси вилояти Суғд аснои суҳбат қайд намуд, ки дастгирии иҷтимоии ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад ва қишри ниёзманди ҷомеаро давлат ҳамеша дастгирӣ менамояд.
Дар ин рӯз 11 нафар ятими кул ва 15 нафар кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бо либоси ягонаи мактабӣ ва лавозимоти зарурии хониш таъмин карда шуданд.

Либосҳои мактабӣ ба ятимону ниёзмандон
Блоки рекламавӣ