Дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ҳанӯз соли 2004 дар масоҳати як гектар замин сохтмони бинои МИҲД-и шаҳр оғоз гардидаву бо гузашти беш аз 22 сол ҳоло ҳам сохтмони он нотамом боқӣ мондааст.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Левакант Сайфиддин Давлатов, оид ба сохтмони бинои мақомоти маҳаллӣ гуфт:
“Сохтмони бинои МИҲД-И шаҳри Левакант соли 2004 оғоз гардида, таҳкурсии он ҳамон сол ба пуррагӣ сохта шуда, баъди ин 20 сол нотамом боқӣ монда буд, баъдан соли 2025 сохтмон идома ёфта, ду ошёнаи он ба анҷом расида, айни ҳол сохтмони он муваққатан манъ шудааст.
Ӯ илова кард, ки сохтмони иншооти мавриди назар бояд то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардад.
Оид ба бунёди бинои МИҲД-и шаҳри Левакант, ки ба зиммаи Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон мебошад хостем бо роҳбари он Абдулвоҳид Саъдуллозода сӯҳбат кунем, мутаассифона ӯро дар ҷойи кораш пайдо карда натавонистем ва ба зангҳои пай дар пайи мо низ посух надод.
Биное, ки ҳоло кормандони шаҳрдории Левакант он ҷо кор мекунанд, ҳанӯз соли 1957, яъне 69 сол қабл сохта шуда, муҳлати истифодааш кайҳо гузаштааст.

Левакант: Сохтмони бинои мақомоти маҳаллӣ кай ба охир мерасад?
Блоки рекламавӣ


