Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон баргузор шуд.
Мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа» – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зебои шаҳри Леваканд доир шуд.Дар расми оғози мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ роҳбарияти Вазорати мудофиа ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант изҳор доштанд, ки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди бемайлони соҳаи варзиш диққати ҷиддӣ дода, нисбати варзишгарони ҷавон ва боз ҳам ривоҷу равнақи тоза ёфтани варзиш дар саросари ҷумҳурӣ ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи доимӣ зоҳир менамоянд.
Дар мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ дастаҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант, Кӯлоб ва ноҳияҳо Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштироки фаъол доштанд.
Аксарияти варзишгаронро дар ин чорабинӣ ҷавонон ташкил медоданд. Нахуст даври санҷишӣ сурат гирифт. Сипас сабқат барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон, 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь