Муассисаҳои таълимию томактабии шаҳри Левакант беш аз 90 дарсад ба соли нави таҳсили 2025-2026 омода шуда, аз якуми августи соли ҷорӣ қабули синфҳои якум дар муассисаҳои таълимии ин шаҳр рафта ситодааст.
Мудири бахши маорифи шаҳри Леваакант Файзулло Раҳимов гуфт, ки дар муассисаҳои таълимию томаткабии шаҳри Левакант таъмири дохили биноҳо ба охир расида, таъмир дар беруни биноҳои муассисаҳои соҳаи маориф рафта истодааст. Ӯ афзуд, ки таъмири дохили мактабҳо аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба роҳ монда шудааст. Номбруда илова кард, ки чанд муассисаи таълимӣ аз ҳисоби хатмкунандагони солҳои пеш аз таъмир бароварда шуданд, ки ин иқдоми хуб аст. Рузҳои наздик таъмир пурра ба охир мерсад.
Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Шуҳрат Сайдаҳмадзода гуфт, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр барои таъмири муассисаҳои соҳаи маориф беш аз 800 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то қадри имкон ин маблағҳоро ҷудо мекунанд. Мудири Бахши маорифи шаҳри Леваакант Файзулло Раҳимов иттилоъ дод, ки дар шаҳри Левакант 17 муассисаи таълимӣ ва 4 муассисаи томактабӣ мебошад, ки ҳар яке 14 ҳазору 755 хонанда дошта, ба онҳо 829 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд