Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар деҳаи Тоҷирон (собиқ Ботуробод)-и ҷамоати Гулистони шаҳри Левакант сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 1176 хонанда соли 1985 аз ҷониби собиқ хоҷагии Карл Маркс оғоз шудаву бо гузашти 41 сол нотамом боқӣ мондааст, мо дар ин масъала корбарӣ дорем.
Ӯ дар идома гуфт, ки барои бунёди ин муассисаи таълими мақомоти маҳаллӣ имкони сохтани онро надорад, зеро маблағҳои калон лозим.
-Мо бо Бонки исломии рушд ҳамкорӣ карда, ҳуҷҷатҳои муассисаеро, ки сохтмонашон 41 сол боз нотамом боқӣ мондааст, пешниҳод кардем ва умед дорем, ки сохтмони он дар соли 2026 оғоз гардад.
Блоки рекламавӣ



