Дар шаҳри Левакант бо омилҳои гуногун 13 корхонаи саноатӣ солҳо боз аз фаъолият бозмонда, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 6 корхонаи саноатӣ истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам кардаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти раиси шаҳри Левакант иттилоъ дода шуд.
Дар нишаст қайд гардид, ки 23 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои қарздорӣ, фарсудашавии дасгоҳҳо, надоштани харидор, дар таҷдид қарор доштан, намбудани ашёи хом ва маблағи гардон солҳои тулонӣ аз фаъолият бозмонаанд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра 22 корхонаи дигари саноатии шаҳри Левакант бо секторҳои хусусӣ ба мабалағи 194 миллиону 877 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбати 6 моҳи соли 2024-ум беш аз 3 млн 298 ҳазор соомнӣ зиёд мебошад.
Блоки рекламавӣ