Дар шаҳри Левакант 21 сол пеш сохтмони бинои МИҲД-и шаҳр оғоз шудаву бо гузашти ин солҳо нотамом боқӣ монда буд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми бинои мазкур аз сар гирифта шудааст. Абдулвоҳид Саъдуллозода, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон, имрӯз зимни нишастӣ хабарӣ дар ин хусус иттилоъ дод.

Ӯ афзуд, бинои МИҲД-и шаҳри Левакант аз ҳисоби маблағҳи буҷети вилояти Хатлон бунёд мешавад ва дар назар аст, ки дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар ба истифода дода хоҳад шуд. Дар назди ин бино як толори маҷлисгоҳи дигар илова карда мешавад.

– Сохтмони бинои МИҲД-и шаҳри Левакант ҳануз соли 2004-ум дар масоҳати бештар аз як гектар аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр оғоз  гардидаву бо сабабҳои саривақт маблағгузорӣ нашудан нотамом боқӣ монда буд. Маблағгузории  бинои мазкур  аз ҳисоби буҷети вилоят оғоз шуда, соли 2026 ба истифода дода мешавад,-илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь