Имрӯз дар шаҳри Левакант бо иштироки раиси шаҳр Муминзода Мастура, ҷавонони даъватшаванда ва модарони онҳо Рӯзи даъватшаванда бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Зимни чорабинӣ мужда дода шуд, ки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввал дар шаҳр пурра иҷро гардид.
Раиси шаҳр зимни дар суханронии худ ба ҷавонони далеру шуҷоъ ва соҳибватане, ки ба хизмати ҳарбӣ пайвастаанд, изҳори сипос намуда, ҳамзамон ба падару модарони онҳо барои тарбияи шоистаи фарзанд миннатдорӣ баён кард.
Дар доираи чорабинӣ ба як қатор ҷавонони даъватшаванда шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь