Дар Левакант соҳаҳои маориф, тандурустӣ ба давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2025-2026-ум омода ҳастанд. Ба қадри кофӣ ангишт, ҳезум сӯзишвории дизелӣ ва маводи зидди лағжиш харидорӣ ва захира карда шудааст.
Аз МИҲД-и шаҳри Левакант иттилоъ доданд, ки оид ба иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон таҳти рақами 94 аз 24.04.2025, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 218 аз 28 марти соли 2025, «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва cамарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр соҳаҳои маориф, тандурустӣ, роҳдорӣ ва дигар соҳаҳо бо ангишт ҳезум, сӯзишворӣ дизелӣ 100 фоиз таъмин карда шудаанд.
Ҳамзамон мудири Бахши маорифи шаҳри Левакант Раҳимзода Файзулло, тасдиқ карда афзуд, ки дар шаҳр 17 муассисаи таълими ва 4 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки барои бидуни мушкили гузаронидани зимистон 147 тонна ангишт, 185 кӯб ҳезум ва 4 тоннаву 90 литр сузишворӣ дизелӣ харидорӣ ва захира карда шудаст, ки ин 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Аз мақомоти қайд карданд, ки мо кушиш ба харҷ медиҳем, ки дар зимистон синфхонаҳоро гарм нигоҳ дошта хонандагонро дар шароити хуб ба таълиму тарбия фаро гирифта, ҳуҷраҳои беморхонаҳои бо тамоми шароит таъмин карда, беморонро ба муолиҷаву табобат фаро гирем. Ҳамзамон роҳҳоро аз барф тоза карда рафтуомади воситаҳои нақлиётро дар зимистон таъмин намоем.

Левакант 100 фоиз ба зимистон омода аст
Блоки рекламавӣ


