Шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дар мӯҳлати хело кӯтоҳ нақшаи пахтасупориро беш аз 101 дарсад таъмин кард.
Аз МИҲД-и шаҳри Леваканд иттилоъ доданд, ки иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар ин шаҳр ба 101,4 % расонида шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 2,4 тонна зиёд аст.
Гуфта шуд, ки дар шаҳри Леваканд кишоварзон имсол дар майдони 1030 гектар замин пахта кишта буданд, ки нақшаи ба зиммадоштаашон аз ин миқдор замин 2300 тонна буд, аммо пахтакорони ин шаҳр тавонистаанд нақшаро барзиёд, яъне 2324,4 тонна иҷро кунанд.
Айни замон дар саҳро пахта зиёд буда, кишоварзони шаҳри Левакант аз боду ҳавои мусоид истифода карда, азм доранд то охирон пағаи пахта онро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь