Вазири корҳои хориҷии Руссия Сергей Лавров ба шабакаи телевизионии NBC News мусоҳиба дод, ки дар он ӯ дар бораи вазъи ташкили гуфтушунидҳои Владимир Путин ва Владимир Зеленский ва сабабҳои то ҳол имконнопазир будани ин вохӯрӣ нақл кард. Нуктаҳои асосии вазири корҳои хориҷиро ҷамъ оварданд.Нуктаи асосии Сергей Лавров ин буд:
“Мулоқоти Путин ва Зеленский ба нақша гирифта нашудааст”, – иқтибос меоранд вазири корҳои хориҷиро дар NBC News.Президенти Руссия изҳори омодагӣ кардааст, ки бо Владимир Зеленский як ба як мулоқот кунад. Ба шарте ки ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи гуфтушунид коркард карда шаванд. То ҳол тарафҳо ҳатто онро муҳокима накардаанд.
Дар натиҷаи гуфтушунид дар Анкориҷ, 15 август президенти ИМА Доналд Трамп ба Кремл як қатор пешниҳодҳо кард. Қисме аз онҳо аз ҷониби Маскав пешниҳод карда шуданд, ки нисбат ба баъзе масъалаҳо омодаанд ” мавқеи тағйирпазириро нишон диҳанд”. Дар мулоқоти кохи Сафед 18 август Президенти Украина шартҳои ҳалли низоъ бо Русияро, ки раҳбари Амрико ба ӯ пешниҳод карда буд, қабул накард.

Лавров: Путин тайёр аст, бо Зеленский вохӯрад
Блоки рекламавӣ