Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Латиф Ҳадязода аз олам даргузашт. Марҳум дар Радиои Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ҳамчун афсари тарҷумон дар Афғонистон, корманди ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ, омӯзгори факултаи журналистикаи ДДМТ фаъолият карда буд. Чанд соли охир аз бемории сактаи мағзӣ ранҷ мекашид.
Маросими ҷанозаи вай имрӯз дар масҷиди Сариосиё баргузор шуд.
Суроғаи хонаи марҳум барои маросими видоъ: кӯчаи Асадулло Ғуломов, 40 (рӯ ба рӯйи Бозорчаи “роҳи поезд”).
Ёду номаш гиромӣ бод!
Блоки рекламавӣ



