Владимир Путин, президенти Русия, қонунеро имзо кард, ки асоси маҳрум кардани хориҷиён, муҳоҷирон аз ҳаққи шаҳрвандиро бештар мекунад..
Тибқи ин қонун, агар як хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифта бошад ва ҷинояти вазнин содир кунад, шиносномаашро мегиранд ва аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд. Асосҳои нав барои маҳрумсозӣ ҷиноятҳои вазнин, ба мисли қатл, таҷовузи гурӯҳӣ, таҷовуз бо бераҳмии хос ҳастанд. Ифротгароӣ ва дуруст шуморидани терроризм метавонад сабаби маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ шаванд.
Солҳои охир теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бо иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.
Агар касе, ки бо кӯдаки то 12-сола иртиботи ҷинсӣ дошт, ё кӯдакону наврасонро ба танфурӯшиву иртиботи ҷинсӣ маҷбур месозад, ё маводи порнографӣ бо ҳузури кӯдаконро омодаву нашр мекунад, аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум мегардад.
Ҷиноятҳои дигаре ба мисли таҳдид ба амнияти миллӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои душмани Русия ҳам метавонанд, асос барои бозпас гирифтани шиносномаи русӣ шаванд.
Тарҳи қонуни мазкурро рӯзи 16-уми июл Думаи давлатии Русия қабул карда буд.