Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Сулаймон Одинаев, як сокини 19-солаи шаҳри Кӯлобро ба ҳамла ба Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов), размикор ва ду ҳамроҳаш гумонбар донистанд.
Онҳо ба зидди Одинаев бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятӣ “Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад” ва “авбошӣ” парванда боз кардаанд. Дар сурати исбот шудани иттиҳомот ба Одинаев аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар занозании гурӯҳии шаби 11-уми январ дар шаҳри Кӯлоб ва кордкашӣ размикори ҷавон кушта ва ду тан захмӣ шудаанд.
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев ё Исуфов, варзишгари навъи муҳорибаҳои омехта буда, дар се соли ахир дар чанд мусобиқа дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойи аввалро гирифтааст.
Федератсияи размикорони тоҷик дар як баёнияи расмӣ марги ӯро пайомади “кордкашии ваҳшиёна” гуфта, ӯро “қаҳрамон” ва “тарбиятгари бисёре аз варзишгарони ҷавон” номид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь