Дар ноҳияи Фархор падар дар ҳолати мастӣ духтари худро латукӯб карда, ба ҳалокат расонидаастНисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Милитсия Хатлон иттилоъ додааст, ки 10 июни соли ҷорӣ шабона тахминан соатҳои 21.00 дар ноҳияи Фархор як фоҷеаи даҳшатбор ба вуқуъ пайваст. Бо ворид гаштани хабари телефонӣ ба ШВКД дар ноҳия гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳайати кормандони милитсия ва прокуратура ба ҷои ҳодиса ҳозир гардиданд.

Муайян карда шудааст, ки дастгиршуда Назаров Сайвалӣ Хушбарович соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи  кучаи Б. Ғафурови ноҳияи Фархор, ки пайваста ба нӯшидани машрубот машғул шуда, муҳити носолими оилавиро ба миён оварда буд, шаби ҳодиса низ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиаш омада, духтараш Назарова Шаҳноза соли таваллудаш 1999, ки ба касалии рӯҳӣ гирифтор буд ва маъюби гурӯҳи 1 маҳсуб меёфт, бо дастчӯб мавриди латукуб қарор додааст, ки дар натиҷа духтараш аз зарбаҳои бераҳмона ва гирифтани ҷароҳатҳо дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз ҳама таасуфовараш ин аст, ки марҳум, духтари маъюб буда, аз хурдӣ аз муҳаббати модараш дур, ки бар асари беморӣ аз дунё гузашта буд, зери назорату тарбияи падари ҷоҳил чи азобу уқубатҳоеро аз сар гузаронида буд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Назаров Сайвалӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь