Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти контроли гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аст, эълон кардааст, ки беш аз 60 ҳазор фаластинӣ дар ҷараёни ҷанги Исроил ва “Ҳамос”, кушта шудаанд. Бар асоси ин гузориш, ки рӯзи 29-уми июл нашр шудааст, дар ҳамлаҳои шабонаи Исроил, беш аз 24 нафар, асосан занон ва кӯдакон, кушта шудаанд.
Дар ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил дар рӯзи 7 октябри соли 2023, 1200 нафар кушта ва беш аз 250 тан ба гарав гирифта шуданд. Аз он замон ба ин тараф дар пайи ҳамлаҳои Исроил, ҳудуди 90 дарсад аз аҳолии он овораю бесарпаноҳ шудаанд.
Коршиносон рӯзи 29 июл ҳушдор додаанд, ки маҳдудиятҳои ҷорикардаи Исроил ва пошхӯрии амнияти ғизоӣ, ин минтақаро, ки ҳудуди ду миллион фаластиниро дар худ ҷой додаааст, дар остонаи гуруснагию қаҳтӣ қарор додааст.
Вазорати тандурустии фаластинӣ дар Ғазза, ки бахше аз ҳукумати таҳти назорати “Ҳамос” аст, эълон кардааст, ки аз замони оғози ҷанг, шумори кушташудаҳо ба 60 ҳазору 36 нафар расид ва 165 ҳазору 870 тани дигар захмӣ шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, қурбониён 18 ҳазору 592 кӯдак ва 9 ҳазору 782 зан мебошанд.