Пратик Ҷошӣ шаш соли охир дар Лондон зиндагӣ мекард. Ӯ барномасози компютерӣ буд ва дер боз орзу дошт, ки барои зану се фарзанди хурдсолаш, ки дар Ҳиндустон мондаанд, дар хориҷи кишвар зиндагии нав бунёд кунад.
Пас аз солҳои тӯлонии интизорӣ ва гирифтани ҳама иҷозатномаҳо, ниҳоят орзу ҷомаи амал пӯшид. Ҳамагӣ ду рӯз пеш зани ӯ, доктор Коми Вяс, пизишки маъруф аз Удайпур, корашро тарк кард. Ҷомадонҳо баста шуданд, бо дӯстону наздикон хайрухуш карданд ва қадам ба оянда наздик буд.
Субҳи дирӯз ин оилаи панҷнафараи пур аз умед ва ҳаяҷон савори ҳавопаймои 171-и ширкати Air India ба Лондон шуданд. Онҳо селфӣ гирифтанду ба хешу табор фиристоданд. Ин бояд сафар ба ҳаёти нав мебуд, аммо ин сафар анҷом нашуд. Ҳавопаймо суқут кард. Ҳеҷ кас зинда намонд…
Дар наздикии фурудгоҳи Аҳмадободи Ҳиндустон як ҳавопаймо суқут кард. Тибқи маълумот, ин ҳавопаймои мусофирбари ширкати Air India – Boeing Dreamliner 787 буд. 242 мусофир бо сарнишинон дар ин ҳодиса кушта шуданд. Дар хабар аст, ки як кас аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурдааст. Ӯ Вишваш Кумар Рамеши 40-сола аз Бритониё будааст.