Дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия, ки соли 2013 оғоз ёфтаву бо гузашти 12 сол сохтмонаш нотамом боқӣ монда аст, имсол бо дастури раиси вилояти Хатлон сохта мешавад. Дар ин бора раиси ноҳияи Кӯшониён Маҳмадшариф Холзода зимини нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт барои идомаи сохтмони он имсол аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон 2 миллион сомонӣ нақшабандӣ карда шудаст ва рӯзҳои наздик сохтмони он оғоз меёбад.
Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон низ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли равон варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён таъмиру азнавсозӣ карда мешавад. Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон барои идомаи корҳои сохтмонӣ 2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Дар нишасти хабарии Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Кӯшониён корҳои сохтмонӣ соли 2013 оғоз гардида, то имрӯз 1 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин варзтшгоҳ имсол оғоз гардад.

Кӯшониён: Варзишгоҳи марказӣ бунёд мешавад
Блоки рекламавӣ


