Муассисаҳои соҳаи маорифи дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон пурра ба зимистони солҳои 2024-2025 омода шуда, ба қадри зарурӣ ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ захира гардида ва шишабандӣ пурра таъмин гардидааст.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Вализода Бобоҷон ба “Фараж” гуфт, барои бе мушкил гузаронидани тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар муасссиаҳои соҳаи моариф 677 тонна ангишт, 677 куб ҳезум ва 2 ҳазору 800 литр сӯзишвории дизелӣ харидорву захира шудаааст. Номбурда илова кард, ки шишабандӣ низ 100 дарсад таъмин гардида, печҳои аловӣ ва барқӣ пурра омодаанд.
Чилазода Аъзамҷон сардори раёсати Вазорати молия дар ноҳияи Кушониён низ гуфт, ки аз ҳисоби буҷети ноҳия барои харидории маводи сӯхт барои соҳаи маориф зиёда 800 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он дар аввали моҳи сентябр пурра пардохт карда шуд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳия қайд кард, ки дар ноҳия наздики 70 иншоот дар соҳаи моариф ҳастанд, ки дар онҳо 61 ҳазору 753 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.



