19 сентябри соли 2025 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зокиров Шаҳзод Маҳмадқулович сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карда, ба дучархаи барқии “Скутер” таҳти идораи Ҳотамов Рауфҷон Азамҷонович сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дучархаи барқии мазкур Ҳакимова Шаҳноза Абдуғаффоровна сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва худи ронандаи дучархаи барқӣ Ҳотамов Р.А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
“Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад” – медиҳад маркази матбуоти ВКД ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь