Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии манзилию коммунали”-и ноҳияи Кӯшониён ба ду техника ва 8 коргар ниёз дорад ва айни замон ду техникаи корхона дар ҳолати корношоям қарор доранд.
Шералӣ Қурбонов, директори КДФ “Хоҷагии манзилию комунали”-и ноҳияи Кӯшониён гуфт, ки дар мувозинаи корхонаи онҳо се техника мебошад, ки аз он як ададаш коршоям ва ду адади дигар таъмирталаб мебошанд. Ҳамзамон дар ин корхона се мотароли барқӣ низ ба кашонидани партовҳои маркази ноҳия машғуланд.
Қайд карда шуд, ки корхонаи онҳо ба ду техника як “Камаз” – и борбардор ва як обпошак эҳтиёҷ дорад. Ҳамзамон КДФ “Хоҷагии манзилию коммунали”-и ноҳияи Кӯшониён ба 8 нафар корманд, 4 борбарор ва 4 рӯбандаи дигар эҳтиёҷ дорад. Барои дасрас кардани техникаҳо ба мақомти маҳаллӣ ва мақомоти болоиамон мактуб кардем, умед дорем, ки онҳо техникаҳоро ба корхонаи мо дастрас мекунанд.
Ӯ гуфт, ки КДФ “Хоҷагии манзилию коммунали”-и ноҳияи Кӯшониён ба 980 хоҷагӣ шарнома доранд, ки онҳо дар назди корхона қарздор намебошанд ва мо саривақт партовҳои онҳоро мекашонем,-илова кард номбурда.
Ба гуфтаи манбаъ маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Кӯшониён ба корхонаи онҳо хуб буда, саривақт маблағҳои корхона пардохт карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь