Наҷотдиҳандагони шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён як кӯдакро, ки ғарқ мешуд, наҷот доданд.
Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки ин ҳодиса дар ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Кӯшониён, дар ҳавзи назди як манзили истиқоматӣ, рух додааст. Ноболиғ Артиқова М.Ҳ. санаи таваллудаш 14 январи соли 2024, ҳангоми оббозӣ ба об афтода, дар ҳолати ғарқшавӣ қарор гирифт. Бо сари вақт расидани кормандони наҷот, ӯ зинда аз об берун оварда шуд. Ба кӯдак ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, дар ҳолати мӯътадил дар беморхона бистарӣ мебошад.
Блоки рекламавӣ