Дар соли таҳсили 2025-2026 бори нахуст наздики 3 ҳазор кӯдакон аввалин қадами худро ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён мегузоранд.
Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён Абдуҷабборзода Саймухтор афзуд, ки сол то сол шумораи хонандагон дар ноҳияи Кӯшониён зиёд гардида истодааст. Ба гуфтаи ӯ дар назар аст, ки имсол ба муассисаҳои таълимии ноҳия наздики 3 ҳазор кӯдак ба синфи якум раванд.
Айни замон мутобиқшавии хонандагони синфҳои якум дар муассисаҳои таълмӣ рафта истодаст ва омӯзгорон ба онҳо машғулият гузаронида истодаанд.
Номбурад илова кард, ки ҳамасола дар ноҳия аз 700 то 1000 нафар шумораи хонандагон зиёд мегардад ва барои таъмини онҳо бо ҷойи нишаст зарурати бунёди муассисаҳои нав ба миён меояд. Дар соли таҳсили 2025 дар назди се мактаб бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, айни замон дар назди 5 муассисаи дигар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.
Дар ноҳияи Кӯшониён айни замон 60 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунанд.

Кӯшониён: Имсол се ҳазор кӯдак бори нахуст ба мактаб мераванд
Блоки рекламавӣ