Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Кӯшониён роҳи мошингард, маркази саломатӣ ба истифода дода шуда, ҳамзамон аз кооперативи тиҷоратии “Муслим боздид кард.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти “Сарвати Истиқлол” – и ноҳияи Кӯшониён Маркази саломатиро мавриди истифода қарор дод.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази саломатӣ бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳа ба таври ҳашари дастҷамъона бо маблағи 580 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Маркази саломатӣ 6 утоқи корӣ ва 8 ҷои нишаст дошта, аз ҷониби лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ бо таҷҳизотҳои тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаааст. Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд 4 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Ҳамзамон, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён роҳи автомобилгарди мумфаршшударо байни деҳаи Гулзор мавриди истифода қарор доданд.
Дар маросими ифтитоҳи роҳи дорои аҳамияти маҳаллидошта, иттилоъ доданд, ки дарозии он 3,5 километрро дарбар гирифта, бо маблағи 290 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар деҳаи Кошифии ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо самаранок истифодабарии замин дар Кооперативи тиҷоратии “Муслим” ва ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки заминҳои хоҷагии деҳқонии «Муслим», ки роҳбари хоҷагӣ Ҳукумов Маҳмадалӣ мебошад, аз 28 гектар иборат буда, аз он 23 гектарашро ангурбоғ ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ зиёда аз 30 нафар сокинони деҳаҳои гирду атроф фаъолият менамоянд. Намудҳои гуногуни ангур, аз он ҷумла ҳусайнӣ, кишмиш, победа ва ғайраҳо парвариш мешаванд.

Кӯшониён: Ифтитоҳи роҳ ва Маркази саломатӣ
Блоки рекламавӣ


