Бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаи варзишӣ, роҳ дорухона, мағоза ва дигар иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз МИҲД-и ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, ки бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф Саидзода Раҳим, раиси ноҳия 8 синфхонаи иловагӣ дар ҷамоати деҳоти Ориён, роҳи мошингард дар ҷамоати деҳоти Заргар, ду майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, дорухона ва маркази тезтаёр, мағозаи хӯрокворӣ ва дигар иншоот мавриди истифода қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки баъди ба истифода додани ин иншоот даҳҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Блоки рекламавӣ