Муассисаҳои соҳаи маорифу тандурстии ноҳияи Кӯшониён пурра ба ангшишт таъмин гардида, барои зимистонгузаронии соли 2025-2026 омода шудаанд.
Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Файзалӣ Маҳмадуллоев иттилоъ дод, ки имсол аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои хариди ангишт ба соҳаи маориф ва тандурустӣ 1 миллиону 166 ҳазор сомонӣ, барои хариди 756 тонна ангишт пешбинӣ шуда буд, ки то имрӯз 700 ҳазори он маблағгузорӣ шуда, рӯзҳои наздик маблағгузорӣ пурра ба охир мерасад.
“Аллакай ба муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ 756 тонна ангишт буд, ки ворид гардидааст. Захираи ҳезум бошад, аз ҳисоби ҳифзи муҳити зист ва сӯзишворӣ аз ҳисоби худи муассисаҳо таъмин карда мешавад ва дар доираи имконият аз ҳисоби буҷети ноҳия барои хариди ҳезум маблағ ҷудо карда мешавад”,-илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь