Ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба 20 тифли навзод шаҳодатномаи таваллуд ва 10 ҷуфт навхонадор шаҳодномаи ақди никоҳ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ расонида шуд.
Санаи 3-юми сентябри соли равон дар ассоси нақша чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати адлияи вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи мазкур ба ифтихори ҷашни таърихии миллат 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат аз ҷониби масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи чорабинии идона доир гардид.
Дар чорабинӣ мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён Иброҳизода Мумина Бозоралӣ дар назди ҳозир баромад намуд.
Гуфта шуд, ки “яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллати тоҷик эҳсоси озодӣ ва соҳибистиқлолӣ мебошад. Дар тӯли таърих фарзандони бошарафи тоҷик барои ҳифзи истиқлол ва сарзамини худ ҷоннисориҳо намуда, нагузоштаанд, ки миллат зери тобеият ва итоати бегонагон қарор гирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь