Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди 337 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаст, ки то 1 апрели соли ҷорӣ 281 ададаш сохта ба истифода дода шуд.
Аз бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и ноҳияи мазкур иттилоъ доданд, ки иншооти сохташуда корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмиру чароғонкунии роҳҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ба инҳо монанд мебошанд.
Гуфта шуд, ки ҳоло дар иншооти дигари ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд, ки дар онҳо шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
МИҲД-и ноҳияи Кӯшониён ва сокинон талош доранд, ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишваро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.



