Дар ноҳияи Кӯшониён аз 392 адад бинову иншооте, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба нақша гирифта шудааст, то имрӯз 255 ададаш, яъне 65,1 дарсад сохта ба истифода дода шудааст.
Мудири бахши сохтмон ва меъмории МИҲД-и ноҳияи Кӯшониён Ҳайдарзода Хуршед ба “Фараҳ” гуфт, ки дар 255 иншоти бунёдшуда беш аз 600 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Ӯ иттилоъ дод, ки аз 392 иншооти ба нақшагирифташуда 19 адад дар соҳаи маориф, 38 адад дар соҳаи тандустӣ, 15 адад дар соҳаи саноат, 30 марказҳои хизматрасонӣ ва савдо 6 адад дар соҳаи кишоварзӣ , таъмири 25 км роҳ ва 110 адад бинову иншоот дар дигар соҳаҳо мебошанд.
Ӯ гуфт баъди ба истифода додани ҳамаи бинову иншооте, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба нақша гирифта шудааст, 1205 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд ва ҳоло дар боқимонда иншооти ҷашни корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ рафта истодааст, ки рӯзҳои наздик 7 адади онҳо ба истифода дода мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь