Аз соли 2022 то 8 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон 241 иншооти ҷашни бо таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ бунёд карда шуда, дар боқимонда иншоот, сохтмон идома дорад.
Мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи мазкур Хуршеди Ҳайдар ба “Фараҳ” гуфт, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар бунёди 392 иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Кӯшониён ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 61,5 дарсад яъне 241 ададаш бунёд гардидааст.
Ӯ гуфт, ки аз иншооти ба нақшагирифташуда 95 адад дар соҳаи маориф, 38 адад дар соҳаи тандурустӣ, 15 иншоот дар соҳаи саноат, дар соҳаи кишоварзӣ 6 адад ва боқӣ дар дигар соҳаҳо мебошад.
Қайд гардид, ки дар ноҳия бунёди 25 маркази инкишофи кӯдак ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар 17 адади онҳо корҳои сохтмонӣ рафта истодааст.
Номбурда илова кард, ки дар доираи ин санаи таърихӣ дар маркази ноҳияи Кӯшониён бунёди беш 5 биноҳои баландошёнаи истиқоматии аз 5 то 9 ошёна рафта истодааст.

Кӯшониён: 241 иншоот бунёд шуд
Блоки рекламавӣ


