Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 кӯшиши амали террористӣ дар шаҳри Душанбе ва Ваҳдат ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 593 ҷиноят муайян карда шуда, 241 нафар дастгир гардиданд, ки 91 нафарашон ҷавонон мебошанд. Мутаассифона, 162 ҳолати маблағгузории ҷиноятҳои хусусии террористӣ ошкор шудааст, ки ин аз гумроҳии шахсони алоҳида  аз ҷониби аъзои  ташкилоти  террористӣ ва экстремистӣ сурат гирифтааст.

Ба иттилои вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода, “шаҳрвандон аз ҳисоби гумроҳӣ охирин пасандози худро ба гурӯҳҳои ифротӣ ба Аврупо ва дигар минтақаҳо интиқол медиҳанд, ки аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ин ҳисоб зиндагии бошукӯҳ доранд”.

Саодати Абдукарим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь