Дар вилояти Хатлон давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 382 қарори ғайириқонунӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура ошкор гардида баъзеи он бекор карда шуда аст. Дар ин бора Раҳимзода Сафармуҳаммад раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт ҳамзамон дар ин давра аз тарафи Кумитаи идораҳои замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 10 қарори ғайриқонунӣ ошкор карда шуда, аз он 7 адад дар майдони умуми 0,42 гектар бартараф карда шудааст.

Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ дар 6 моҳи соли ҷорӣ 2932 вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 1109,55 гектар ошкор карда шуда, 2632 санаду қарори ҷарима бароварда шуда, ба малағи 1 млн 485 ҳазору 676 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь