Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон болоравии чашраси нархи манзил дар шаҳри Душанберо тасдиқ кард ва гуфт, ҳар метри мураббаъ хона дар пойтахт ба 800 доллар расидааст. Ин назар ба аввали сол 200-250 доллар зиёдтар будааст.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ 25-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, соҳибкорон дар гузоштани нарх озод ҳастанд, “вале инсоф ҳам зарур аст”.

Ба гуфтаи Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, имсол бо назардошти поёнравии қурби доллар, нархи маҳсулоти сохтмонӣ коҳиш ёфт, вале нархи манзил боло рафт. Низом Мирзозода болоравии нархи манзилро ба талаботи бозор рабт дод.

Баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки нархи манзил дар Тоҷикистон, хусусан дар пойтахти кишвар, гарон буда, қобилияти хариди онро надоранд.

Бонкҳо барои гирифтани хона ба мардум қарзи дарозмуддат ё ипотека пешниҳод мекунанд, вале бо шарту баҳрае, ки соҳиби хона шудан барои иддае фақат орзу мемонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь