Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабарҳои паҳншуда дар мавриди манъ ё маҳдуд гардидани баргузории маъракаи ифтор иттилоъ медиҳад, ки хабару овозаҳои мазкур асоси воқеӣ надоранд ва маъракаи ифтор дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳдуд нагардидааст.
Азбаски ҳадафи ниҳоии Қонуни миллиро пешгирӣ аз ҳама гуна сарфу харҷи беҳуда ва исрофкорӣ ташкил медиҳад, Кумита аз ҳамватанон даъват мекунад, то зимни баргузории маъракаи ифтор низ бо риояи эътидол ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Ҳамватанони мо метавонанд ба ҷои густурдани хони бодабдаба дар ҳадди тавон таом ё дигар маводи ғизоиро ба ниёзмандон ва ҳамсояҳо фиристода, ба ин васила аз аҷру савоби бештаре бархӯрдор гарданд.
Инчунин, бо дарназардошти он ки анҷом додани хайру садақот танҳо бо додани таом маҳдуд намегардад, тавсияи мақоми ваколатдор ин аст, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ҳамватанони мо ба анҷом додани садақаи ҷория, аёдати беморон, дастгирии ятимону ниёзмандон ва дигар корҳои хайр таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Кумитаи дин ва танзим: Ифтор маҳдуд нагардидааст!
Блоки рекламавӣ


