Дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва дастурҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба 11 нафар шахсони имконияташон маҳдуд- сокинони деҳоти Рӯдакӣ, аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуда, ёрии моддию молиявӣ расонида шуд.
Байни онҳо чор нафар сокинони деҳаи Артуч- Иҷобат Турдиева, Юсуф Юсуфов, Маърифат Ҳайдарова, Меҳрафрӯз Иброҳимова низ буданд, ки ба ин тӯҳфа ибрози миннатдорӣ карданд.
Аз ин ба баъд онҳо, ки ба асари беморӣ аз пои равон мондаанд, бо мадади наздикон бо ин аробачаҳо ба сайру гашт мебароянд ва аз ҳавои тоза нафас мекашанд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории шахсони хайрхоҳ соли равон маъюбоне, ки ба аробача ниёз доранд, бо он таъмин карда мешаванд.

Кӯмаки Холиқзода ба маъюбон
Блоки рекламавӣ


