8 феврали соли 2026 кумаки навбатии башардӯстонаи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми ниёзманди Ғаззаи Фаластин расонида шуд.
Корвони кумакҳои Тоҷикистон иборат аз маводи хӯрокӣ, либоси гарм, хайма ва плёнкаҳои обногузар бегоҳии 8 феврал дар 6 мошини калони боркаш аз тариқи гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи муштараки Миср ва Фаластин бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Миср ва намояндагони муассисаҳои хайрияи Тоҷикистон ба дохили Ғазза интиқол дода шуд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини сар задани низоъ дар Ғазза пайваста кӯмакҳои башардӯстонаю молиявиро ба мардуми ин минтақа мерасонад.
“Паёми Душанбе”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь