Рӯзи 17 сентябр Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 75 тонна ғизои истеҳсоли ИМА-ро ба маблағи 255 666 доллари Амрико барои дастгирии тақрибан 40 000 аҳолии осебпазир дар саросари Тоҷикистон расонид. Ғизои мазкур, ки дар шаҳри Лаббоки аёлати Техас аз ҷониби ширкати «Breedlove Foods» истеҳсол шудааст, омехтаи ғизоии наск, биринҷ ва сабзавотро дар бар мегирад, ки бо витамину минералҳои муҳим ғанӣ гардонида шудааст.
Ин кӯмаки ғизоии ҳаётбахш ба зиёда аз 140 муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои табобати сил, муассисаҳои равонпизишкӣ, марказҳои онкологӣ ва паноҳгоҳҳо барои гурезаҳо тақсим карда мешавад. Кумаки мазкур ба беҳтар кардани саломатӣ ва некӯаҳволии ҳазорҳо шахсони осебпазир равона шудааст.
Тақсимоти ин кумаки ғизоӣ таҳти назорати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Маркази миллии мубориза бо бемории сил ва Ҷамъияти ҳилоли аҳмар сурат мегирад.
«Ҳадафи муштараки мо содда аст: наҷоти ҳаёт, беҳтар кардани саломатӣ ва расонидани кумаки воқеӣ ба оилаҳо ва ҷомеаҳои Тоҷикистон мебошад», – гуфт сафир Микаллер.
Аз соли 2007 инҷониб ҳукумати ИМА ба Тоҷикистон 1000 тонна кумаки ғизоии ғанигардонидашудаи истеҳсоли ИМА-ро ба маблағи зиёда аз 2,2 миллион доллари ИМА расонидааст. Ин ташаббус тавассути ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва шарикони калидӣ, аз ҷумла ташкилоти гайриҳукуматӣ «Авесто» ва ташкилоти гайриҳукуматии амрикоии «Resource and Policy Exchange» амалӣ мегардад.

Кумаки Амрико ба маблағи 255,666 ҳазор доллар
Блоки рекламавӣ


