“Дар рӯзҳои таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб терминали мусофирбарии «Гулбоғ» мавриди истифода қарор дода шуд”, – хабар додааст Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Терминали мусофирбарӣ дар ҳудуди деҳаи Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бунёд гардида, баъди ба истифода додани иншооти нав 15 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Дар дохили терминал ба хотири таъмини шароити хуб барои мусофирон ва меҳмонон толори интизорӣ, толори модару кӯдак ва ошхона бунёд гардидаанд. Воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз самти ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг ва ҷамоатҳои Даҳанаву Зиракӣ ба самти шаҳри Кӯлоб меоянд, ҳамзамон воситаҳои нақлиёти ҷамъиятие, ки дар дохили шаҳр фаъолият менамоянд, метавонанд аз ин терминал истифода кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь