Додситони минтақаи Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки танҳо дар соли 2025 садҳо қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро дар бораи тақсими замин нодуруст ҳисобиданд
“Дар соли 2025 ба 416 қарори замин ва дар соли 2024 ба 318 қарори ғайриқонунӣ дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин эътироз оварда шуд,” – гуфт Ҳамзаалӣ Музофиров.
Ин қарорҳоро раисони шаҳру ноҳияҳо имзо кардаанд, вале маълум нест, ки оё касе ҷазо гирифтааст ё не.
Намояндагони додситонӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфтанд, баъзе аз қазияҳо солҳо боз давом доранд.
“Аксари эътирозҳо дар ноҳияи Муъминобод ҳаст. Баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки муддати чанд сол давом доранд. Эътирозҳо вобаста ба роҳу қитъаи замин ҳам ҳаст,” – шарҳ дод Шавкат Мадохиров, намояндаи Додситонии минтақаи Кӯлоб.
Чунин баҳс дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фархор ҳам вуҷуд доштааст. Дар ин кӯча хонаи нимсохти баъзе аз сокинонро аз байн бурда, парвандаи чандеро ба додгоҳ фиристодаанд.
Давлаталӣ Амирзода, додситони ноҳияи Фархор, гуфт, “мо ба қарори раиси ноҳия 14 эътироз овардем. Ҳамаашон бекор шуданд. Манзилҳои истиқоматӣ, ки то ба охир расонда нашуда буд, бартараф карда шуданд. Ҳамагӣ се ё чаҳор манзили дигар, ки нотамом аст, дар ҳоли баррасӣ ҳаст.”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь