Гумонбар дар қатли чор узви як хонавода дар шаҳри Кӯлоб “ба куштор бо бераҳмии махсус” айбдор шудааст.
Муфаттишон Сафаралӣ Валиро ба он муттаҳам кардаанд, ки ҳамсараш Зуҳро Қурбонова, хоҳари ҳамсараш Таҳминаи Шомаҳмад ва тифли батни ӯ ва як кӯдаки дигари хонадон Абубакр Қурбоновро бо зарби корд ба қатл расонидааст. Ҳодиса шаби дуюми апрел рух дода буд.
Зуҳро Қурбонова 28-сола, Таҳминаи Шоҳмаҳмад 20-сола ва Абубакр Қурбонов 6-сола буда, дар бемористони Кӯлоб ҷон доданд. Мақомот тифли ҳаштмоҳаи батни Таҳминаи Шоҳмаҳмадро “як инсони комил” ҳисоб карданд.
Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб шашуми апрел гуфтааст, нисбат ба Сафаралӣ Валӣ бо иттиҳоми “куштани чанд нафар бо бераҳмии махсус” (моддаи 104, банди 2-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз шудааст. Ин банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 15 то 25 сол зиндон ё ҳабси абадро талаб менамояд.
Сафаралӣ Валии 32-сола, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе, дар нуқтаи фурӯши орд боркаш буд. Пештар мақомот гуфта буданд, ки ӯ бо ҳамсараш Зуҳро Қурбонова ҷанҷол дошт ва эҳтимол сабаби ҳодиса муноқишаи оилавӣ бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь