Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 27-солаи сокини ноҳияи Фархор муроҷиат намудааст, ки 24-уми августи соли 2025 ҳангоми дар назди майдончаи варзишии маҳаллаи И.Сомонии шаҳри Кӯлоб қарор доштанаш, шахси ношинос ӯро бо роҳи зӯроварӣ ва лату кӯб аз дасташ дучархаи барқиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад. Дар ин бора маркази матбуотии ВКД хабар додааст

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь