Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқ дар шаҳри Кӯлоб хабар додааст.
Мақомот мардро муттаҳам кардаанд, ки барои пинҳон доштани талафоти барқ ба барномаи “СМАРТ-БИЛИНГ” маълумоти дурӯғ ворид намуда, қариб 30 ҳазор сомониро ба суратҳисоби 12 муштарӣ интиқол додааст.
Назари ин нозири 34-сола ба иттиҳом маълум нест.
Алайҳи нозири барқ бар асоси моддаи 299-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз кушодаанд. Ин банди қонун то 37 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ менамояд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь